Азми Обама ва Оқохони 4 барои беҳбуди ҳаёт дар Тоҷикистон
Расо як моҳ баъд аз эълони Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар бораи оғози ҳамкорӣ бо Бунёди Оқохон имрӯз, 30-юми октябр дар шаҳри Душанбе сафорати Амрико ва намояндагии доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон созишномаи нави паймони саросарии рушдро ба имзо расониданд.
Тибқи ин созишнома, ки аз ҷониби сафири Амрико Сюзан Эллиот ва намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнонӣ имзо шуд, ҷонибҳо уҳдадор шуданд, дар панҷ соли оянда барои беҳбуди зиндагии сокинони наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон 6 миллион долларӣ, дар маҷмуъ 12, 1 миллион долларро ихтисос диҳанд. Ин паймон азм дорад, тариқи мусоидат ба соҳибкорӣ, амнияти молиявии хоҷагиҳо, бахшҳои маориф ва тандурустӣ ва кӯмак ба ширкатҳои хусусию ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷойҳои нави кориро муҳайё кунаду зиндагиро беҳбуд бахшад.
Сюзан Эллиот зимни имзои созишнома изҳор дошт, ки “ин паймон ба таври мустақим ташаббуси ҳукумати Амрикоро оиди “Роҳи нави Абрешим”, ки равобити Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро аз тариқи бозорҳои минтақавии энержӣ, роҳҳои нақлиёту савдо, гумрукҳо ва сарҳадот ва бо ҳам пайвастани савдову одамон тавсиа мебахшад.”
Ин дар ҳолест, ки расо як моҳ пеш Барак Обама , раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки бо ҳукумати Шветсия ва Бунёди рушди Оқохон дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад кард ва афзуд, ки “вазифаи мо ба унвони як кишвари озод ва ба унвони як миллати озод истодан дар канори мардуми навовар ва гурӯҳҳҳои шуҷои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Гурӯҳҳое, ки барои адолату озодӣ ва истиқлоли инсонҳо дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунанд. Ман хушҳолам, ки имрӯз бо ҳамкорони нав дар ҷаҳон мепайвандем. Ин ҳамкорони нав ҳукуматҳо, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла раҳбарони онҳо мебошанд.”
Ин ҳамкорӣ дар ҳолест, ки то ҳол низ Амрико барои беҳбуди ҳаёти мардуми Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ равона кардааст.
Бунёди рушди Оқохон бошад ҳамасола ба Тоҷикистон то 100 миллион доллари амрикоиро равона мекунад ва ният дорад, ояндаи наздик боз ним миллиард доллари дигарро барои рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар сармоягузорӣ кунад. Аз тарҳҳои ҷадиди ин созмон дар Тоҷикистон, ки раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, барои тезондани татбиқи онҳо дастур додааст, нерӯгоҳҳои Себзор ва Санобод дар вилояти Бадахшон мебошанд. Манбаъ бо такя ба баҳогузориҳои пешакӣ арзиши ин ду лоиҳаро наздики 300 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки дар мавриди нерӯгоҳи беш аз 10 мегаваттаи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа аллакай тавофуқот миёни Тоҷикистону ин созмон ҳосил шудааст. Вале оиди сохтмони нерӯгоҳи Санобод дар ноҳияи Рушон, ки ҳудуди 15 маротиба аз Себзор боиқтидортар хоҳад буд, музокирот идома доранд. Инчунин дар Хоруғ бо арзиши 62 миллион доллар бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ идома дорад.