Рабудани табиби тоҷик аз ҷониби гуруҳи мусаллаҳ дар Яман
Масъулини яке бемористонҳои низомии Яман аз рабуда шудани як зани табиби тоҷик дар ин кишвар аз ҷониби афроди мусаллаҳ хабар додаанд.
Тавре расонаҳои арабӣ аз қавли масъулини беморхонаи низомии вилояти Маъриби Яман хабар додаанд, Гулия Рофиева, шаҳрванди Тоҷикистон дар шуъбаи бемориҳои занонаи ин беморхона фаъолият мекардааст. Ба иттилои манбаъ Рофиева рӯзи чоршанбеи 29-уми октябр аз ҷониби гуруҳи мусаллаҳ рабуда шуда, то ҳол аз ӯ дараке нест ва гуруҳи ҷиноие низ масъулияти ин корро ба уҳда нагирифтааст.
Аз қавли шоҳидон Рофиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Расонаҳои арабӣ менависанд, вақтҳои охир ҳолатҳои дуздии шаҳрвандони хориҷӣ дар Яман ба хотири фишор болои мақомот ва пулситонӣ зиёд шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон теъдоди зиёди табибон барои дарёфти қути лоямут рӯй ба кишварҳои араб меоранд. То ҳол мақомоти Тоҷикистон ин хабарро таъйид ё рад накардаанд.
Ҷузъиёти бештари қазия нашр мешавад