Эмомалӣ Раҳмон Эрдуғонро бародари азизи худ хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи шодбошӣ ба унвони ҳамтои туркаш – Раҷаб Таййиб Эрдуғон ӯ ва мардуми кишварашро ба муносибати ҷашни миллияшон табрик гуфтааст.
Дар номаи оқои Раҳмон ба Эрдуғон, аз ҷумла омадааст: “Ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ, ҳукумат ва мардуми дӯсти Туркияро ба муносибати солгарди ҷашни миллии кишвар табрик ва таҳният гӯям.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома равобити Душанбею Анқараро дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, гуфтааст, ҷонибдори боз ҳам густариши ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад ва таъкид кардааст, ки барои ин тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳад кард. “Умедворам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем мундариҷаи ин равобитро ғанитар гардонида, сатҳи онро болотар бибарем”,- навиштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар охири номааш Раҷаб Таййиб Эрдуғонро бародари азизи худ хонда, барояш муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба наву барои мардуми Туркия суботу пешрафтҳо орзу кардааст.