АКС: Ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикии доктор Абдуллоҳ
Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати нави Афғонистон мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии доктор Абдуллоҳ, сафири Тоҷикистон дар Кобул дар ин вохӯрӣ, ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро табрик гуфта, номаи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро ба ӯ тақдим намудааст.
Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти доктор Абдуллоҳ ба нашр расонд, дида мешавад, Шарофиддин Имомов ба раиси иҷроии ҳукумати нави Афғонистон ҷомаи зардӯзӣ ва тоқии тоҷикӣ ҳадя кардааст. Манбаъ мегӯяд, сафири Тоҷикистон ба тақвияту густариши робитаҳои Душанбею Кобул таъкид карда ва гуфтааст, ҳукумати кишвар омодааст, аз барномаҳои ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ҳимоят кунад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар навбати худ аз паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ва ташрифи дипломати тоҷик изҳори ташаккур карда, дар идома афзудааст, “аз ҳамкорӣ, кумак ва мавқеъгириҳои ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои мухталиф ба ҳимоят аз мардуми Афғонистон қадрдонӣ мекунам. Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ҳифз, тақвият ва густариши равобити худ бо Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аҳамияти бисёр қоил аст. Умедворем дар сояи ҳукумати ваҳдати миллӣ шоҳиди рушди ин равобит ва тавсеаи муносиботи тиҷорӣ миёни ду кишвар бошем.”
Раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон илова кардааст, Кобул дар мубориза бо терроризм, кишт ва тавлиди қочоқи маводи мухаддир ҳам ҷиддӣ аст ва дар ин бахшҳо бо ҳукумати Тоҷикистон омодаи ҳар навъ ҳамкорӣ мебошад.