Бозҷӯии дафтари Шарипов баъди боздошти Мулло Хайриддин
Мақомоти Русия дафтари корӣ ва манзили зисти Каромат Шарипов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик”-ро дар Маскав мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.
Дар ин бора Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷики Русия хабар дода, аз қавли масъулини ҷунбиш афзуд, ки тафтишгарон тамоми асноду компютерҳои дафтари кории ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик”-ро бо худ бурдаанд.
(Ҷузъиёти бештари бозҷӯӣ аз қавли худи Шарипов ба зудӣ нашр мешавад)
Ин бозҷӯӣ дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошти Мулло Хайриддин Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дини худ дар шаҳри Маскав хабар дода буд. Ба иттилои торнамои ин созмон, раҳбари Кумитаи дини Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия шоми 24 октябри соли равон дар иқоматгоҳи худ, воқеъ дар минтақаи ҷанубу шарқи Маскав аз сӯи як гуруҳе боздошт шудааст, ки худро маъмурини пулис ва амнияти ин кишвар муаррифӣ кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, ин афрод нахуст далели боздошти Мулло Хайриддин Абдуллоҳро паҳн кардани нашрияи “Голос таджикистанцев” (Садои тоҷикистониён) миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар бозори “Садовод” арзёбӣ кардаанд. Дар ҳоле ки ба навиштаи торнамои Tajmigrant.com, ин нашрия дар Русия расман ба қайд гирифта шудааст ва оқои Абдуллоҳ ба ҳайси довталаб ё худ валантёр кор мекунад. Вале баъдан онҳо гуфтаанд, раҳбари Кумитаи дини Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар пайгарди қонунии байналмилалӣ қарор дошта, бояд ба Ватан истирдод шавад.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, боздошти раҳбари Кумитаи дини он дар ҳолест, ки ин созмон қаблан ба таври расмӣ аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар хоста буд, амаёлити тафтишотиеро ба хотири ошкор кардани ҳолатҳои сӯистифода аз нерӯи кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори “Садовод” гузаронад.