Файзалӣ Ҳасан “дуздӣ”-ҳояшро дар телевизион иқрор кард
Файзалӣ Ҳасан, овозхони шинохта ва хунёгари тавонои тоҷик тариқи шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон иштирокашро дар чанд ҳолати "дуздӣ" эътироф намуд. Ӯ, ки қаҳрамони бисёре аз латифаҳои маъруф дар миёни мардум аст, изҳор дошт, ки бисёри ин қиссаҳо аз ҳаёти воқеии ӯ гирифта шудаанд.
Файзалӣ Ҳасан, ки мустақиман ба суолҳои тамошобинҳои барномаи “Симо”- и шабакаи аввал посух мегуфт, изҳори хушнудӣ намуд, ки қаҳрамони латифаҳо дар миёни мардум аст ва чанд латифаи маъруферо, ки аз ҳаёти воқеии ӯ гирифта шудаанд, нақл кард: "Латифаю шӯхиҳое, ки дар бораи ман мегӯянд, асос ҳам доранд. Солҳои 93-юм буд, солҳои вазнин, мардум аз бенонӣ азият мекашиданд. Ман ростӣ, аз ким- куҷое як-ду халта гандум ба хонаи худ бурда, дар ҳамон пеши дарвоза мондаму боз маро ба як кори дигар даъват карданд. Шабона вақте баргаштам, дидам, ки ду ҷавон назди дарвозаи манда истодаанд. Суол додам, ки соати 12-1-и шаб назди хонаи ман чӣ кор мекунед? Мумкин нест ин хел! Гуфтанд акои Файзалӣ мо осиёб рафтем барқ, ки нашуд мо ҳаминҷада омада каме дам гирифтем. Баъд гуфтам аку равед хонаҳои худатон, гуфтанд ака ёрдам намекунӣ гандумҳоямонро бор кунем. Дидам ҳамон ҷо ду халта гандум, гирифтам бо ду дасти адаб дар сари китфашон бор кардам. Вайҳо рафтанд ман хона даромадам. Саҳар занак гуфт, ҳамон гандумҳои овардара намебарӣ осиёбда орд кунед. Кофтем, ки нест ва ба ёдам омаду гуфтам ба Худо занак шаб ҳамон гандумҳора ба дасти худам ҳамон пушти дуздҳо бор кардам. Ин кор дар ҳақиқат шудааст”.
Файзалӣ Ҳасан ҳамчунин зимни ин барнома эътироф кард, ки ҳамроҳи як дӯсташ қасди дуздии қошуқҳои зардорро аз хонаи дӯсти сеюмашон кардаанд: “Рӯзе ҳамроҳи Сайидбухорӣ, ки хеле инсони хуб буданду Худо раҳматашон кунад, ба хонаи як дӯсти сарватманду хайрхоҳамон рафтем. Хай дарстархони бисёр ҳам зебо ороста ва дар рӯи дастархон қошуқҳои қиматбаҳои хеле зебо низ буданд. Дидам, ки Сайидбухорӣ ҳамон қошуқҳои зоҳиран тиллоиро бисёр нигоҳ дорад ва яке дидам, ки як қошуқи тиллоиро гирифта дар ҷайбаш андохт. Ман ҳам гуфтам, аку чӣ хел Саидбухорӣ аз ин ҷо бо қошуқи тиллоӣ барояду ман не. Баъдан ман ҳам дастамро дароз карда як қошуқи тиллоиро гирифта дар ҷайбам андохтанӣ будам, ки хонадор даромада диду гуфт, акаи Файзалӣ чӣ гап аст? Ман худамро аз ин вазъияти ногувор барорам гӯён, изҳор доштам, ки мо дар баробари сароянда буданамон, ҷашмбанд ҳам ҳастем. Гуфт чӣ хел? Гуфтам ман ин қошуқро дар ҷайбам меандозам Шумо онро аз кисаи Сайидбухорӣ гиред”.
Файзалӣ Ҳасан аз фалаксароёни маъруфи Тоҷикистон аст, миёни мардум ҳаводорони зиёд дорад.