2 ВИДЕО: Баҳсу баромадҳо зимни тасвиби афви 10 ҳазор маҳбус
Лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв”, ки аз 24 модда иборат аст, имрӯз, 29-уми октябр аз ҷониби Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар қабул гардид ва 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт.
Шерхон Салимзода, додситони куллли Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилони парлумон, қонуни афвро як амали дигари башардустонаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки он барои қадрдонӣ аз арзишҳои инсонӣ ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун роҳандозӣ шудааст.
Салимзода афзуд, ки тибқи қонуни нави афв ҳамаи ноболиғон ва занҳо, ки дар маҳкама ҳастанд ё парвандаҳояшон дар ҳоли баррасӣ қарор доранд, афв мешавад. Ӯ таъкид кард, танҳо занҳое афв намешаванд, ки барои хиёнат ба Ватан, куштор ё амалҳои террористӣ маҳкум шудаанд. Додситони кулл шарҳ дод, ки муттҳамон дар куштор, ки аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд, афв мешаванд. Ҳамчунин ба гуфтаи Салимзода ҳудуди 112 маҳбуси бемори силу саратон, муттаҳамон дар ҷиноятҳои молӣ, ки зарарро ҷуброн кардаанд ва афроде, ки то адои пурраи муҳлати ҳабсашон 1,5 сол мондааст, ба озодӣ хоҳанд баромад.
Шерхон Салимзода ҳамчунин таъкид намуд, ки афроде, ки дар маҳбасанду дар гузашта ду бор ё аз он бештар афв шудаанд қонуни нав ба онҳо дахл нахоҳад дошт. Ӯ дар мавриди пайомадҳои афв изҳор дошт, ки аксаран он таъсири мусбат дорад, аммо бархе дарси ибрат нагирифта, боз даст ба ҷинояткорӣ мезананд.
Шерхон Салимзода, дар посух ба суоли “Озодагон” таъкид намуд, ки бовар дорад, қонуни нави афв бе порагирӣ татбиқ мешавад ва афзуд, ки мо барои ин талош хоҳем кард. Ӯ дар мавриди афви афроде, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ, қарор доранд, аз қабили Додоҷони Атовуллоҳ ва аъзои “Гуруҳи 24” илова намуд, ки дар ин маврид бояд меъёрҳои қонунгузориро аз назар гузаронд, ки оё авф ба онҳо ҳам дахл дорад ё на.
ВИДЕОИ баромади Салимзода дар назди намояндагони мардум:
Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон низ ба ҳимоят аз ин лоиҳа баромад карда, таъкид намуд, ки он 16-умин афви эълонкардаи президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ аз раҳоии садҳо зану ноболиғ истиқбол карда, аз мақомот хост ҳаёти раҳошудагонро зери назорат гиранд ва дар таъминоташон бо кор мусоидат кунанд. Ӯ пораю фасодкориҳо зимни татбиқи қонуни афв мояи нигаронӣ хонда, аз мақомот хост, онро ҷилавгирӣ намоянд.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили дигари парлумони Тоҷикистон низ аз эҳтимоли ришваситониҳо дар ин раванд изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунин пешниҳод намуд, ҷавононе, ки аз нофаҳмӣ даст ба гуруҳҳои экстремизмӣ задаанд, афв карда шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ ба масъалаи татбиқи афв дахл карда, гуфт, маҳбусон аз раисиҷумҳур миннатдоранд ва бояд мақомот ба камоли эҳсону шафқату инсондӯстӣ ин ташаббусро амалӣ созанд:
Вакилон дар маҷмуъ хостанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ густариш ёбанд, то эҳтимоли фасодкорию сӯиистифода аз татбиқи афв камтар шавад.