Ҷаримабандии рӯзноманигор барои итоат накардан ба пулис
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъвои маъмури пулис алайҳи Қамари Аҳрор, рӯзноманигори тоҷикро қонеъ карда, субҳи имрӯз, 29-уми октябр хабарнигорро ба андозаи се нишондод барои ҳисобҳо ё худ 120 сомонӣ ҷарима баст.
Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Қамари Аҳрор гуфт, бо ин қарори суд розӣ нест ва аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.
Қаблан Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрорро, ки “барои итоат накардан ба амри пулис” муттаҳам мешуд, бо далели комил набуданаш баргардонд, вале шуъбаи умури дохилии ин шаҳр баъди коркард даъворо дубора ба додгоҳ ирсол намуд.
Худи Қамари Аҳрор, аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб намуда буд, ки бино бар ҷой надоштани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муносибаташ бо пулиси шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯро қатъ кунад. Ин парванда дар заминаи шикояти Зафар Сӯфиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, боз шудаст, ки хабарнигорро дар саркашӣ аз амри пулис муттаҳам мекунад.
Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Ҷаноби Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷойизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.
Қамари Аҳрор яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар Хуҷанд кор мекунад.