Эътирофи "гуноҳ"-и Хайрулло ва талаби қатъи "сиёҳкунӣ"-и Зайд Саидов
Бузургмеҳр Ёров ва Исҳоқ Табаров -- вакилони мудофеи Зайд Саидов аз раҳбарияти Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон тақозо кардаанд, аз “сиёҳ” кардани нафари таҳти ҳимояташон даст бардоранд. Онҳо рӯзи 28 октябр бо пахши изҳороте аз додситони кулли Тоҷикистон ҳам хостаанд, ба ин масъала дахл карда, ба гуфтаи онҳо, ба ин қонуншиканиҳо хотима бахшад.
Нигаронии вакилони мудофеи Зайд Саидов аз он аст, ки ҳарчанд тафтиши пешакии парвандаҳои нави ӯ ҳанӯз ба поён нарасидааст, вале Оҷонсӣ дар як иттилоияи худ дар ин маврид хулосабарорӣ карда, аз ибораи “тафтишот собит сохт” истифода кардааст: “Мутаассифона, барои агентӣ собиқаи фаъолияти худаш низ дар мавриди тафтиши парванда алайҳи Зайд Саидов ибратомӯз нашуд. Ҳамон айбномаву қисмати марбутаи парвандаи пешина дар назар аст, ки агентӣ он замон низ онҳоро “собитшуда” арзёбӣ намуда буду тавассути хулосарониҳои қотеона аз хусусашон иттилоъ паҳн мекард. Вале суд, чуноне маълум аст, онҳоро ба иллати собит нашуданашон ба тафтишоти иловагӣ бозгардонд”.
Бузургмеҳр Ёров ва Исҳоқ Табаров, ки дар ҳоли ҳозир аз ҳуқуқи Зайд Саидов дифоъ мекунанд, дар ин номаи худ навиштаанд, тамоми далелҳои доштаашонро дар мавриди бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ ба додгоҳ пешниҳод хоҳанд кард: “Аз ҷумла мухтасар метавонем гӯем, ки иддаои Агентӣ нисбат ба зерҳимояамон асосе надорад. Ин шахс он қадар ба арзишу меъёрҳои волои ахлоқӣ эҳтиром қойил аст, ки ҳаргиз бадиро ба касе раво надидааст, ба кисае касе дастдарозӣ накардааст, ҳама гуна хиёнат ба манфиатҳои халқу миллату давлат ба табиати инсониаш заррае мувофиқате надорад. Моликияту сарвате агар дорад, ҳақи ҳалолаш аст, зеро ба он мутобиқ ба талаботи қонун соҳиб шудааст ва ин корро ҳаргиз пинҳонӣ накардааст. Ҳамаи буду бошаш зери назари ҳам мардум буд ва ҳам роҳбарони давлату ҳукумат, сарварону мутасаддиёни вазорату идораҳо. Фарзандаш – Хайрулло воқеан "гунаҳкор" аст: синнашро баланд нишон додааст ва ин «гуноҳ» ба мантиқи ваҳшатангези баёнгари вазъи имрӯза созгор нест – бад ин васила на дуздӣ кардаасту на ғоратгарӣ, на дастдарозӣ ба ҳақи дигари касе, танҳо хостааст вориди мактаб шаваду саводу дониш омӯзад, он ҳам бошад дар кишвари дигар ва он ҳам замоне, ки аз қонуну қонуният қариб, ки асаре набуду дар талоши зист одамон аксаран аз чизе парҳез намекарданд… Бадбахтона чизи муқаррарие, ки имрӯз сари ҳар қадам дучораш меоем дигар аст: одамон табдили сабти синну сол ва тағйири ному насаб мекунанд, ки, баръакс, соҳиби на саводу дониш, балки ҳуҷҷат аз хусусаш бошанд”
Онҳо дар охири номаи худ талаб кардаанд, “ба бадномкуниву гунаҳкоркунии Зайд Саидов, ки ҳуқуқҳои ӯро, бахусус ҳамонҳоеро, ки муқаррароти ёдрасшудаи қонун кафолати таъмину ҳифозаташонро додааст, хотима дода шавад. Ҳамзамон аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорем, дар робита ба қонуншиканиҳое, ки изҳороти мазкур боисашон шудааст, чораҳои пешбининмаудаи қонунро биандешад”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)