Ба ҷуз ин қайд шуд, ки ҷамъияти Салиби Сурх ҳамчунин дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Ин ҷамъият дар саросари ҷумҳурӣ 69 шўъба ва беш аз 15 ҳазор ихтиёрӣ дорад. Дар соли 2010 парлумони Тоҷикистон қонуни вижаи «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалиятҳо будани ҷамъиятро эътироф кард.
Президенти Комиссияи доимии Федератсияи байналмиллалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар бораи фаъолиятҳои ин ниҳоди байналмилалӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, изҳор дошт, ки Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар намояндагии доимии худро дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 бо мақсади мусоидат ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ифтитоҳ намуд.
Массимо Барра таъкид намуд, ки барномаҳои Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз чаҳор ҷузъи калидӣ , аз қабили пешбурди ақида ва арзишҳои инсондӯстӣ , вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, омодагӣ ба фоҷеаҳои табиӣ ва саломатии ҷомеа иборат мебошанд. Дар ибтидо барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба расонидани маводи ғизоӣ ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд.
Бояд гуфт, ки Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ба кишварҳо ва мардумони ниёзманд сарфи назар аз нажод, миллат, дин ва ақидаҳои сиёсӣ ёрӣ мерасонад. Федератсияи байналмилалӣ дар соли 1919 бо дафтари марказияш дар шаҳри Женева таъсис ёфта, феълан 186 ҷамъияти узвро дар бар мегирад. Вазифаи аслии Федератсия беҳтар намудани зиндагии қишрҳои осебпазири аҳолӣ бо истифода аз нерӯи башардӯстӣ мебошад.
Дар мулоқоти имрӯза ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода ва котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов низ иштирок намуданд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}