Таҳмина Ниёзова бо имиҷи нав дар PMC ва ҳушдор ба тақаллубкорон
Клипи нави Таҳмина Ниёзова, овозхони шинохтаи тоҷик бо номи “Ту, эй ту” дар шабакаи мусиқии форсизабон ё PMC ба намоиш мебарояд.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик ба “Озодагон” гуфт, ин клип баъди муаррифӣ дар PMC шоми имрӯз тавассути торнамои “TopVideo” ва шабакаи “Тамошоу” дар Ютуб низ қобили тамошо мешавад. Номбурда афзуд, дар клипи мазкур Таҳмина бо имиҷи барои ҳаводоронаш тамоман нав муаррифӣ мешавад.
Клипро Тимур Примқулов, аз Узбакистон коргардонӣ кардааст. Матни суруд аз Озарахш ва оҳанги он ба Манучеҳр Ахмедов таалуқ дорад. “Шахсоне, ки ин клипро ғайриқонунӣ дар дискҳо нусха мебардоранд, ба додгоҳ кашида мешаванд”,-мегӯяд, Беҳрӯз Зеваров.
Таҳмина Ниёзова аввалин овозхони тоҷик нест, ки клипашро PMC намоиш медиҳад. Аз ин пеш клипҳои Садриддини Наҷмиддин, Валиҷон Азизов, Баҳроми Ғафурӣ, Фарзонаи Хуршед ва чандеи дигар ҳам тавассути ин шабакаи мусиқӣ пешниҳод шудаанд.
Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд.