Сафорати ИМА дар Душанбе барои кормандони милиса ва фарзандони онҳо давраи бозомӯзии забони англисӣ доир кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин мақомоти дипломатӣ, дафтари сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо иҷрокунанда «Зе Эмерҷенс Груп» курсҳои забони англисиро роҳандозӣ намудааст. Гуфта мешавад, курсҳои семоҳаи ба наздикӣ ба итмом расида ба сарфу наҳв, ҳусни хат, хониш, нутқ, талаффуз, фаҳмидани нутқи шифоҳӣ ва луғат диққат дода буд. Айни замон бисту шаш хонандаг курсҳоро хатм карданд.
Зимнан аз сафорати Амрико ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ҳукумати ИМА омодааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад. Барномаи сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 52 миллион доллари ИМА таъмин намуд.{jathumbnail off}