Мавъизаи Эмомалӣ Раҳмон: Худо моро масъул кардааст...(АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми октябр зимни нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ бо такя ба сураи Қуръони маҷид аз кишварҳои нерӯманди исломӣ хостааст, ба кишварҳои рӯй ба рушд кӯмак кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, изҳор доштааст, ки “мантиқист, агар сармоягузории кишварҳои аз лиҳози молиявӣ нерӯманди исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мамлакатҳои камдаромади мусулмонӣ сафарбар карда шавад, чун Худои таъоло дар ояти 2-и сураи Моидаи Қуръони маҷид фармудааст, ки “Ва бар накӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад накунед”.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки 70 дарсади захираҳои нафт ва 50 дарсади захираҳои газ дар ҳудуди кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ҷойгир аст: “Холиқи ягона тамоми неъматҳо ва захираҳои лозимӣ, аз ҷумла об, замин, наботот, маъданҳо, сӯзишворӣ, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ ва дигарҳоро ба мо насиб гардонидааст. Ва Худои таъоло бар дӯши мову шумо масъулиятеро вогузоштааст, ки тавассути истифодаи самараноку оқилонаи ин неъматҳо рушд ва зиндагии шоистаро барои ҳар як кишвари исломӣ ва ҳар хонадони мусулмон таъмин намоем.”
Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки Тоҷикистон бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси исломӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои аъзои созмон барои ноил шудан ба ҳадафи ягона-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як кишвари исломӣ ва ба ҳар як хонадони мусулмон пайваста густариш медиҳад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, сатҳи баланди камбизоатӣ, дастрасии маҳдуди ба оби тоза, озуқаворӣ, нерӯи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, камбудиҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлими сайёра ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ ҳушдор дода, даъват кардааст, ки кишварҳои исломӣ барои рафъи онҳо дастаҷамъона фаъолият кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлон нерӯи барқро омили муҳим арзёбӣ карда, изҳори умед кардааст, ки кишварҳои исломӣ лоиҳаи хатти интиқоли нерӯи барқ КАСА-1000, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистонро таъмин мекунад, дастгирӣ хоҳанд кард. Ӯ дар хитоб ба роҳбарияти Бонки Исломии Рушд ёдрас кардааст, ки Тоҷикистон дар ҷавоб ба дархости хеш барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 умедвор аст: “Иншоолоҳ, ҳамаи мо дар ҳамкории созанда бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва талошу кӯшишҳои муштарак барои татбиқи пурраи Нақшаи амал оид ба Осиёи Марказӣ ба натиҷаҳои беҳтар ноил хоҳем гашт.”
Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 27-уми октябр дар “Кохи Сомон» ба кори худ шурӯъ карда, ду рӯз идома хоҳад ёфт. Дар кори анҷуман зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла 120 намояндаи давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд.