Истиқболи Петер Буриан аз таъйин намояндаи Тоҷикистон дар Словакия
Исматулло Насреддинов, сафири нави Тоҷикистон дар Словакия нусхаи эътимодномаи худро ба Петер Буриан, котиби давлатии Вазорати умури хориҷӣ ва аврупоии ин кишвар тақдим кард.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар хабар доданд, маросими супоридани эътимодномаи сафири нави Тоҷикистон дар Словакия, ки қароргоҳаш дар шаҳри Вена мебошад, рӯзи 23 октябри соли равон баргузор шудааст.
Дар пайи ин маросим ҷонибҳо инчунин масоили густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, кишоварзӣ ва фарҳангро низ ба баҳс кашидаанд. Петер Буриан дар навбати худ аз таъйин Насреддинов ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Словакия истиқбол карда, алоқамандии кишвараш ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баён доштааст.
Дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар мегӯяд, сафири навтаъйини Душанбе баъд аз супоридани нусхаи эътимодномаи худ инчунин бо Бранислав Ҳитка, мудири Департаменти Аврупои шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷӣ ва аврупоии Словакия мулоқот кардааст.