Ҳаводорони камзули Акбар аз Тоҷикистон то Олмон
Парчами Тоҷикистон ҷойгузини парчами кишварҳои дигар дар сару либоси бархе ҷавонон гардида, ҳатто берун аз Ватан низ харидор пайдо кардааст.
Акбар Олимов, донишҷӯи курси чаҳоруми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо камзули худбофте бо рангу нишонаҳои парчами кишвар, диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб кардааст. Акбар мегӯяд, ин “модел”-ро холаи солмандаш бо фармоиши худи ӯ духтааст. “Ранги ришта ва шакли камзулро худам интихоб кардам. Мақсадам ин аст, ки ба дигарон нишон диҳем, мо ҳам парчам дорем”-мегӯяд ӯ. Акбар Олимов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, либосе бо парчами Тоҷикистон ҷолибтар аз дигар сару либосҳое аст, ки дар онҳо парчаму нишони кишварҳои хориҷ, аз қабили Амрикову Бритониё ва СССР инъикос ёфтаанд.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, камзули ӯ бо парчами Тоҷикистон, ки аз сӯи холаи 60-солааш бофта шудаааст, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи одамони зиёдеро ба худ ҷалб карда, бархе ҳамсабақон ва дӯстонаш, ки берун аз марзи кишваранд, хоҳиш кардаанд, ки чунин як либос барои онҳо низ таҳия шавад: “Вақте дар кӯча меравӣ, бисёриҳо нигоҳ мекунанд, чанд ҳамкурсам ҳам “заказ” карданд. Ҳатто бачаҳои тоҷики муқими Олмон ҳам гуфтанд, ба мо бофта фиристед”.
Акбар Олимов мегӯяд, ҳарчанд намуди камзули ӯ диққати даҳҳо нафарро ба худ ҷалб кардааст, аммо афроде ҳам аз он интиқод кардаанд: “Баъзеҳо, аз ҷумла духтарҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон чӣ дораду чӣ кардааст, ки боз ту парчами онро ба бар мекунӣ?! Вале ба ин ҳарфҳо аҳамият намедиҳам, бо пӯшидани ин камзул ифтихор мекунам”.
Пушидани камзул бо акси парчами Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Чанд сол қабл як бонуи овозхони тоҷик ҳам бо либосе ҳунарнамоӣ кард, ки парчами кишварро дошт. Ӯ низ ба монанди Акбар Олимов гуфта буд, “идея”-ро худаш ба дузанда додааст. Ахиран дар бозорҳои ҷумҳурӣ сару либос ва кулоҳҳое бо акси чеҳраҳои шинохта, аксаран сарояндаҳо ва ё навиштаи номи шаҳру навоҳии кишвар, аз қабили Ванҷу Кӯлоб ва Бадахшон зиёд шудааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ин сару либос асосан дар Чин омода мешаванд, аммо камзули донишҷӯи тоҷик бо даст бофта шудааст, ҳунаре, ки дар ин авохир аз он хеле кам истифода мешавад.
Рӯй овардани ҷавонон ба пӯшиши сару либос бо номи маҳал ё парчами Тоҷикистон дар ҳолест, ки то чанд соли пеш бештари либосу кулоҳҳои ҷавонони тоҷикро номи шаҳру парчами кишварҳои хориҷ “зеб” медоданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)