Ҳушдори муфтӣ аз заъфи нерӯи мардӣ баъди 40-солагӣ
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии истеъмоли машрубот ва маводи мадҳушкунанда ҳушдор дод, ки боиси заъфи нерӯи мардӣ мешаванд.
Абдулқодирзода, ки имрӯз, 24-уми октябр, зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе суҳбат мекард, мардумро ба худдорӣ аз истеъмоли арақу афюн ва дигар анвои нашъа даъват карда, мардони ғарбро мисол овард, ки дар пайи ин гуна бадрафториҳо баъди 40-солагияшон аз нерӯи мардияшон маҳрум мешаванд.
Муфтии Тоҷикистон инчунин аз майли рӯзафзуни бархеҳо ба расмкашӣ дар баданашон интиқод намуда, афзуд, ки он ҳаром ва зулм бар тану ҷон аст.
Дар идома Абдулқодирзода аз омад-омади фасли сармо зикр карда, мардумро ба шукри хонаи обод ва ҳифзи суботи кишвар даъват намуд: “Дар бархе аз кишварҳои ноамн дидем, ки чӣ гуна кӯдакон аз сармо дар хаймаҳо ҷон доданд.”
Муфтӣ ин ҳамаро натиҷаи исёнбардории бархе аз афрод хонда, мардуми Тоҷикистонро ба шукронаи ободии хонаю ватан даъват кард.