Тундгароӣ ё мардумро кӣ ба сӯи Калашников таҳрик медиҳад?
Далер ШАРИФОВ
Азҳоби сиёсӣ, таҳлилгарон ва мунаққидони ҳукумати феълӣ солҳост пайваста аз чанд мушкили умдаи кишвар мегӯянду ҳалли онро талаб мекунанд. Аммо боре нашуда, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мухолифонашро даъват ва бо онҳо суҳбатҳои рӯбарӯ анҷом бидиҳад. Боре ҳам аз онҳое, ки пайваста фаъолияти ҳукуматро интиқод мекунанд, роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеаро напурсидаву барномаҳои бурунрафт аз проблеммаҳоро нагирифтааст.
Мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тақрибан таоми сол аз мушкили бебарқӣ, раванди муҳоҷирату беҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва фасоди густурдаи молӣ дар идораи давлат ва сохторҳои гуногуни он мегӯянд, вале ҳукумат боре бо мухолифонаш ё онҳое, ки аз ин мушкил мегӯянду менависанд, суҳбат анҷом надодаву роҳи ҳал ҳам напурсидааст.
Мухолифон борҳо аз авлодӣ шудани ҳукумат танқид мекунанд, аммо райиси ҷумҳур боре ҳам ба ин ҳарфҳо вокуниш нишон надодаву посухе ҳам нагуфтааст. Ба ин монанд аз озодиҳои динӣ, адолати иҷтимоӣ ва додгоҳӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон зиёд гуфта мешавад. Чаро ҳукумати Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр мекунад? Чаро мунаққидонашро ба муколама намехонад? Чаро ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон намедиҳад? Чаро на иқрор мекунад, на инкор? Чаҳор ҳолатеро метавон ҳадс зад, ки як навъ ҷавоб ба саволҳои болост:
1) Ба роҳбари ҳукумат ахбори нодуруст мерасад;
2) Ҳукумат ин мушкилиҳоро мушкилии худашу кабинааш намедонад;
3) Ҳукумат ин равандро давраи “даргузор” меҳисобад;
4) Мухолифон интиқоду пайёми худро наметавонанд ба таври дуруст ва бо роҳи зарурӣ ба ҳукумат расонанд.
Ногуфта намонад, ки бархе сохтор ва расонаҳои давлатӣ ба интиқоди мухолифон ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ “ҶАВОБ” медиҳанд. Ин “ҶАВОБ” бо имзои мустаор аз номи кадом як “сокини Душанбе” пешниҳод мешавад ва он ҳам тамоман дур аз асли мавзӯъ буда, муаллиф шахсиятҳоро “зеру забар” мекунад. Онҳоро хоин, агенти хориҷӣ, сабабгори нооромиҳо, муздури ким кадом давлат муаррифӣ месозад. Мушкилиҳо бошанд, канор мемонанд ва зиёд мешаванд.
Ҳукумат бо дигарандешон, соҳибназарон ва намояндаҳои аҳзоби мухолиф мулоқоти рӯбарӯ анҷом намедиҳад, аммо бо даъватҳои интернетии 2-3 нафар дар бораи кадом як митинг кишварро ба по мехезонад. Давлат маҷбур мешавад, тамоми қудраташро барои доир нашудани ин гирдиҳамоӣ ба намоиш бигзорад. Ҳукуматро мебояд, то ба вуҷуд омадани чунин буҳронҳо бо мухолифонаш сари мизи муколама биншинад. Ҳарфи онҳоро бишнавад, ба онҳо паём бидиҳад ва аз онҳо паём бигирад.
Ҳукумат бо истифода аз тавоноиҳои худ ба мухолифонаш минбарҳои солим фароҳам биоварад, гоҳе барои пикет, гирдиҳамоӣ ва флешмобу дигар эътирозҳо, қонунан иҷоза бидиҳад ва амнияти онҳоро таъмин бикунад. Зеро ин яке аз рукунҳои асосии ҷомеаи демократӣ мебошад ва он таъмингари суботу оромӣ ва тағйироту пешрафт аст. Хулас, ҳукумат бояд ба ҳар навъе ҳарфи муқобилро гӯш намуда, заруртаринашро, ки ба салоҳи кори миллату давлат аст, қабул кунад, агар не, бо далелҳо собит созад, ки афкорашон дуруст нест!
Вақте ҳукумат ҳарфи мухолифонашро қабул намекунад, аз суҳбати ошкоро канораҷӯӣ мекунад, мушкилоти ҷомеаро ночиз мешуморад ва бар илова ба дигарандешон таҳдиду фишор меоварад, оқибаташ ногувор мешавад. Ҳоло асри 21 аст, ҳамаро намешавад ҳамчун ғулом нигаҳ дошт ва тарс дод. Бо таҳдиду зургӯӣ наметавон вазъро ҳамеша зери назорат гирифт. Вақте иддае аз мардум паёмашону ҳарфашонро ба ҳукумат аз ҳар тариқе наметавонанд бирасонанд ва ба он посух бигиранд, роҳи дигар меҷӯянд. Роҳе ки ба манфиат нест...
Онҳоро экстремисту тундгаро ва ё террористу зархарид, гуфтан, роҳи ҳал буда наметавонад. Онҳо вақте мебинанд, аз тариқи ҳарфу қоғазу қалам, ҳарфашон ба ҳукумат намерасад, сӯи Калашников мераванд. Ва он ҷомеаро ноором, кӯдаконро ятим ва ашки модаронро мерезонад. Эҳтимоли аз миён рафтани миллату давлат ҳам истисно нест.
Онҳое ки имрӯз барои ҳукумат қудратнамоӣ мекунанд, бо ҳарфҳои дуруғашон роҳбариятро бовар мекунонанд, ки мушкилие дар ҳукумат нест ва мухолифон худашон мушкил доранд ё ин ҳама камбудиҳоро нодида мегиранд, барои манфиатаке Тоҷикистонро дар оинаи худ ба ҳукумат нишон медиҳанд, бидонанд, бо ин васила мардумро ба ҷониби Калашников таҳрик медиҳанд. Ва ин корест нобахшиданӣ ва хиёнат ба Ватану миллат!
Худоё аз он рӯз паноҳ! Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)