“5 куштаю 3 маҷруҳ дар садамаҳои писари Исмат Абдуллоев”
Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ду садамаи нақлиётӣ бо иштироки Раҳматулло Абдуллоев, мулаққаб ба “Рахмет”, писари Исмат Абдуллоев муовини вақти раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” худдорӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки ба иттилои оҷонсии “Тоҷнюз” дар пайи ду садама бо иштироки “Рахмет” 5 нафар ба ҳалокат расида, се нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ин манбаъ мегӯяд, чанд рӯз пеш Раҳматулло Абдуллоев бо худрави тамғаи Lexus RX 350, рангаш сафед ба худрави тамғаи ВАЗ 21015 бархӯрда, боиси ҷароҳати вазнини ҷисмонии се нафар мешавад, ки алҳол дар беморхона қарор доранд: “Инчунин соли гузашта, ҷипи RAV 4-и Раҳматулло Абдуллоев дар роҳи Душанбе – Қурғонтеппа бо суръати баланд ба мошини сабукрав бархӯрда, боис ба марги ронанда ва 4 нафар мусофир гашта будааст. Абдуллоев он замон аз мошини чаппашудааш баромада, ба ҷабрдидаҳо кӯмак нарасонида, савори таксие ҷои ҳодисаро тарк мекунад. Баъди чанд лаҳза ба ҷои ҳодиса одамони бовариноки падари ӯ Исмат Абдуллоев ҳозир мешаванду ба таври мармуз ҷип пурра сӯхта нобуд мешавад.”
Падари “Рахмет” Исматулло Абдуллоев, муовини вақти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз афроди наздиктарин ба роҳбари вақти корхона Амонуллоҳ Ҳукумов ва як шахси сарватманд арзёбӣ мешавад, ки чойхонаи “Истаравшан”, тарабхонаи “Шаҳрисабз”, бустонсарои “Варзоб-Палас”, сохтмони чанд бинои нуҳошёна ва чандин котеҷҳои хушсохт дар Душанбеву Хатлон ба ӯ рабт дода мешаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)