Дидори Убайдуллоеву Матвиенко ва имзои як созишнома дар Маскав
Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко, раисони палатаи болоии парлумони Тоҷикистону Русия зери Созишнома миёни Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ имзо гузоштаанд.
Дафтари матбуотии Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, дар ин санад самтҳои асосии фаъолияти қонунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дарҷ гардидаанд.
Валентина Матвиенко аснои мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, "мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ҳамкориҳои башардӯстона ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ аз вазифаи асосиест, ки назди парлумонҳои ду кишвар аст".
Манбаъ мегӯяд, таваҷҷуҳи асосӣ дар ин мулоқот ба рушди тарҳҳои муштараки тиҷорӣ, таъмини афзоиши сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ва масъалаи муҳоҷират зоҳир шудааст.