870 грамм ҳероин дар даруни чархи мошин
Зимни як амалиёти вижаи кормандони милиса дар ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд миқдоре аз ҳероин кашфу мусодира гардид.
Тибқи иттилои вазорати умури дохила, аз дохили чархи автомашина, ки онро сокини кӯчаи Асирии ин шаҳр Бердӣ Рӯзиеви 51-сола ба шахси дигар доданӣ буд, 870 грамм ҳероин дарёфт шуд. Гуфтанист, боздоштшуда ба мақсади фурӯш маводи нашъадорро дар чархи мошин ҷо карда, ба қочоқчии дигар додааст. Айни замон оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти қазия идома дорад.{jathumbnail off}