Гадоев суҳбаташ барои хариди силоҳу ошӯби мусаллаҳонаро рад кард (ВИДЕО)
Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” сабтҳои нашршудаи суҳбатҳои телефониаш дар бораи хариди силоҳ ва ташкили як ошӯби мусаллаҳона дар Тоҷикистонро сохтакорӣ хонд.
Гадоев рӯзи 23 октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тамоми ин сабтҳо сохта буда, кори дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон аст. Ин ҳарфҳои Гадоев дар ҳолест, ки ахиран наворе бо номи “Настоящая Цель группы 24” (“Ҳадафи аслии “Гурӯҳи 24”) ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфт, ки ба иддаои ношираш - Manzur Astan дар он ду раҳбари “Гурӯҳи 24” - Шарофиддин Гадоев ва Умаралӣ Қувватов бо нафаре дар Тоҷикистон дар бораи ташкили як ошӯби мусаллаҳона суҳбат мекунанд. Дар сабтҳои ин навор сар аз дақиқаи сеюм Гадоев ва Қувватов дар бораи хариди силоҳ, ташкили гуруҳ ва ворид кардани бархе ҷангиён аз вилояти Бодканди Қирғизистон ба Тоҷикистон тариқи шаҳри Исфара суҳбат менамоянд.
ВИДЕО-и суҳбати Қувватов ва Гадоев дар бораи ошӯби мусаллаҳона:
Аммо Гадоев ин суҳбатҳоро сохтакорӣ хонда, аз афзоиши фишор болои хонаводааш дар Тоҷикистон шикоят дорад. Ӯ бо навиштани як нома ба Комиссари олии созмони милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ)-ву Дидбони ҳуқуқи башар ё “Human Rights Watch” аз таҳти фишор қарор гирифтани пайвандонаш дар Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Гадоев дар ин номаи худ навиштааст, ки ӯ яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон буда, баъд аз нашри изҳороту суханҳояш дар ВАО мақомоти тоҷик ба наздикону пайвондони ӯ дар ватан фишор меоранд ва ҳар рӯз бо ҳар роҳ ба онҳо таҳдид мекунанд. Ин узви созмони мамнуъшуда дар Тоҷикистон, ки ҳоло худаш дар Испания иқомат дорад, аз баста шудани мағозаҳои пайвандонаш дар ватан аз сӯи мақомот ёдовар шуда, афзудааст, ки он ангезаи сиёсӣ дорад. Ӯ мегӯяд, мақомоти тоҷик ба наздиконаш фишор меоранд, то бо ҳар роҳ аз ӯ бихоҳанд, ки аз ин роҳи пешгирифтаи худ баргардаду ба ватан ояд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран тариқи як навори видеоӣ волидони Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” аз ӯ хостаанд, баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳаду шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад.