Афзоиши 100%-ии фоҳишаҳо ва баҳси муҷозоти мизоҷонашон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаи муҷозоти мардоне пардохтааст, ки аз хизмати фоҳишаҳо истифода мебаранд.
Ба иттилои манбаи “Озодагон” омӯзиши ин масъала дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки теъдоди фоҳишаҳои сабтшуда дар Тоҷикистон ба 2 ҳазору 471 нафар расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад: “Миёни фоҳишаҳо 1300 нафар аз 18 то 30-сола, 1 ҳазору 171 нафар аз 30-сола боло ва 31 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.”
Қаблан Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, бештар шудани саффи фоҳишаҳо дар кишварро далели он гуфт, ки чораҳои то ҳол андешидашуда дар ин самт бе ҳосил будаанд. Раиси Кумитаи занон аз натиҷаи суҳбат бо занони танфурӯш изҳор дошт, ки сабаби асосии даст задани онҳо ба ин кор, пеш аз ҳама, вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, бекорӣ ва ғайра мебошанд.
Хидирзода, инчунин, мардонро гунаҳкор кард, ки барои густариши фоҳишагии занон дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ӯ бозорро мисол овард, ки “агар талабот зиёд бошад, мол низ зиёд мешавад”. Хидирзода ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши фоҳишагӣ дар Тоҷикистон аз мардон даъват намуд, аз истифодаи хидмати фоҳишаҳо худдорӣ кунанд.