Рубоби Раҳимзода ба вазири умури дохилии Русия
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш - Владимир Колоколтсев мулоқот кардааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд, дидори Раҳимзода бо Колоколтсев рӯзи 22 октябр дар шаҳри Маскав баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин вохурӣ бархе масоил, аз ҷумла "мубориза алайҳи терроризм,экстремизм, таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии биометриро баррасӣ карда, ҳамзамон масъалаи омода кардани кадрҳои тахассуси алоҳида дар донишкадаҳои вазорати умури дохилии Русия, бахусус таёр намудани кадрҳо дар соҳаи экспертизаи фоноскопиро ба баҳс кашидаанд."
Дафтари матбуоти ВУД-и Тоҷикистон мегӯяд, Раҳимзода дар поёни вохурӣ ба вазири умури дохилии Русия рубоберо туҳфа кардааст.
Рамазон Раҳимзода ба хотири иштирок дар Конфронси 3-и ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия ва Форуми 4-и байнипарлумонии “Русия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” рӯзи 21 октябри соли равон озими Маскав шуда буд.