Як сокини ноҳияи Мастчо нафақахӯри 62 соларо ба ҳалокат расонидааст.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар пайи як амалиёти фаврӣ ҷустуҷӯӣ
Алишер Муллобоқиеви 28 сола дастгир карда шуд. Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда муваққатан дар ҷамоати Оббурдон, кӯчаи С.Обидов хонаи 37 зиндагӣ мекардааст.
Гуфта мешавад, Муллобоқиев, аснои муноқишаи оилавӣ амакаш Шукрулло Боқиевро бо корди сувенирии «Финка» 1 маротиба ба қафаси синааш задаст. Дар натиҷа, Шукрулло Боқиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати ин қазия далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишоти парванда идома дорад.{jathumbnail off}