Зарина Тоҷибоева муддаии “Евровидение-2015”
Як бонуи тоҷики муқими Шветсария муддаии маъруфтарин озмуни мусиқии Аврупо-Евровидение шудааст.
Зарина Тоҷибоева, ки дар Тоҷикистон зода шуда ва ҳоло дар Шветсария ба сар мебарад, иштирокчии даври интихобии Евровидение-2015 аз номи ин кишвар аст. Озмуни “Евровидение-2015” ин навбат дар Австрия баргузор хоҳад шуд.
Зарина вақте донишҷӯи Донишгоҳи текникии Тоҷикистон буд, бо кумаки барномаи IRST ба Олмон рафт. Он ҷо ба донишгоҳи Сарбикини Олмон дохил шуда, баъдан ба Шветсария меравад. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ ба бахши тоҷикии Бӣ-бӣ-сӣ дар соли 2010 гуфта буд, дар дурӣ аз Ватан ба зару зевар ва ороишҳои суннатии тоҷикӣ муҳаббати вижа пайдо кардаву манзилашро бо қолӣ ва сӯзаниҳои тоҷикӣ ороста аст: “То болишу курпачаҳои тоҷикӣ дар хонаам дорам. Чанд намуд либоси суннатии тоҷикӣ дорам, ки ману духтарам дар рӯзҳои ҷашнҳо мепӯшем ва дар ҷамъи дӯстон рақсу бозӣ мекунем”. Дар ин мусоҳиба ӯ афзуд, ҳар лаҳза, ки дилаш барои Ватан танг мешавад оҳангҳои тоҷикиро гуш мекунад: "Шунидани ин оҳангҳо ташнагии маро ба Ватан то андозае мешиканад. Дар бештари маворид оҳангҳои Далер Назаров, Парвиз Назаров, гурӯҳи "Шамс" ва "Авесто"-ро гуш мекунам". Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)