Синамобазм: Аз “Як лӯнда қанд”-и эронӣ то “Зоғаки сапед”-и тоҷикӣ
Аз 28 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон синамобазми “Филми ҷаҳони Ислом” баргузор мешавад.
Ин синамобазм дар доираи чорабинии “Бишкек-пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2014” барпо гардида, дар он филмҳои маъруф ба намоиш гузошта мешаванд.
Синамобазм бо намоиши филми “Сафар ба Макка” (Арабистони Саудӣ, Марокаш, ИМА, Канада) рӯзи 28 октябри соли равон соати 17:00 дар Хонаи кинои Бишкек оғоз мешавад. Ҳамчунин, соати 18:00 ҳамин рӯзфилми “Як лӯнда қанд” (Эрон) пешкаш мешавад.
Бар асоси барнома, инчунин рӯзи 29 октябр соати 15:00 — “Абу ибни Одам” (Ҳиндустон), соати 17:00 — “Зимистони гузашта” (Эрон), соати 19:00 — “Дарси падар” (Daddy’s school) аз Бахши порсии BBC, рӯзи 30 октября соати15:00 — “Зоғаки сапед” (Тоҷикистон), соати 15:30 — “Мусоҳиба” (Қирғизистон), соати 16:00 — “Ак куу” (Қирғизистон), соати 16:20 — “Фургони болопӯшида” (ИҶШС, “Узбекгоскино”, 1927) ва соати 17:00 — “Лаҳзае аз ҳаёти ҷамъоварандаи оҳан” (Босния ва Гертсеговина, Фаронса, Словения) ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.