Мансабдори ВКД таъхиркориро зимни шиносномадиҳӣ эътироф кард (АКС)
Бой Раҷабов, подполковник ва сардори шӯъбаи таҳлилӣ-назоратии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эътироф кард, ки муҳлати гирифтани шиносномаҳо дар кишвар баъзан риоя намешавад.
Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қавли Раҷабов хабар додааст, шиносномаҳо баъзан дар муҳлати муқарраргардида ба шаҳрвандон дода намешаванд ва дар шарҳи ин омил афзудааст, “аз сабабҳои техникӣ ва зиёд гардидани шумораи муроҷиаткунандагон дар муҳлати муқарраргардида омода намудани шиноснома номумкин мегардад, вале кормандони хадамот кӯшиш мекунанд оиди ҳолати ҷойдошта шаҳрвандонро огоҳ намуда ва дар муҳлати наздиктарин камбудиҳоро бартараф созанд.”
Шиносномаҳои биометрӣ, ки вақтҳои охир майли шаҳрвандони Тоҷикистон ба он афзоиш ёфтааст, вобаста ба маблағи шаҳрвандон аз 3 то 15 рӯз омода мешаванд: “Шиносномаҳои биометрӣ дар муҳлати 3 рӯз бо нархномаи 225 доллар ва 100 сомонӣ, дар давоми 7 рӯз 150 доллари ИМА ва 100 сомонӣ ва дар муҳлати 15 рӯз ба ивази 75 доллар ва 100 сомонӣ омода мешаванд.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд аз соли 2010 баъди ҷорӣ намудани шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ 1 миллиону 22 ҳазор шиносномаи хориҷӣ, аз ин ҳисоб 188 378 адад шиносномаи биометрӣ таъмин карда шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, барои беҳбуди муомилаи масъулони мизҳои шиносномадиҳӣ ва фаврияти кори онҳо пайваста чораҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад.