Бохти «Зенит» дар сабқати Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо
Сабқат миёни тимҳои Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо дар рӯзи 13-уми сентябр шурӯъ шуд.
Тибқи иттилооии хабаргузории «Sport-news» дастаи “Барселона”, ки бояд аз унвони қаҳрамони лига дифоъ кунад, бозиро бо “Милан” якранг, 2:2 анҷом дод. Дар гурӯҳи дигар дастаи “БАТЕ”-и Беларус бо як гол дар қисми дуюми бозӣ ҳисобро бо “Виктория”-и Плзен, ҷумҳурии Чех, мусовӣ намуд. Дастаи “Шахтёр”-и Донетск бозиро бо ҳисоби 1:2 ба “Порто”-и Портгулия бохт. “Зенит”-и Санкт-Петербург ҳам аз тарафи “Апоел -Никосия”-и Қибрис бо чунин ҳисоб мағлуб шуд. “Челсӣ”-и Англия ба дарвозаи “Байер Леверкасен”-и Олмон ду тӯби беҷавоб зад. Тими “Арсенал” бо “Боруссия”-и Дортмунд вохӯрда, ҳисобро мусовӣ (1:1) карданд.{jathumbnail off}