Убайдуллоев “бегонаҳо”-ро назорату “худӣ”-ҳоро нодида мегирад?
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”
Шаҳрдории Душанбе баъзан талоши танзими нархҳои озод дар бозорҳоро мекунад, дар ҳоле, ки зоҳиран зӯраш ҳатто ба назорати нархҳои давлатӣ дар соҳаи мусофирбарию коммуналӣ намерасад. Барзиёд гирифтани ҳаққи роҳкиро дар Душанбе то дараҷае маъмул шудааст, ки агар мусофире ба ҷои 2 сомонии одатшуда 1 сомонию 60 дирами муайянкардаи давлатро пешниҳод кунад, аз ронанда сар карда то дигар мусофирон ба ӯ чун “ҷинояткор” нигоҳ мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳар мусофир ҳар рӯз ҳадди ақал як сомониро ба ронандаҳо барзиёд медиҳад, ки моҳе ба 30 ва соле ба 360 сомонӣ мерасад ва ин баробари 1,5 маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аст.
Вазъ дар соҳаи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ аз ин низ бадтар аст, чун агар ронандаҳо бар ивази маблағи бештаре ҳам бошад, мусофирро ба ҷои лозимӣ мерасонанд, аммо кормандони манзилию коммуналӣ аксаран маблағро барзиёд мегиранду вазифаашонро иҷро намекунанд.
Масъулини хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, ки ҳоло ҳам бисёрашон давлатиянд аз ноогоҳии бисёре аз сокинони пойтахт сӯиистифода карда, ҳаққи партову хизматрасониҳои коммуналиро ба маротиб зиёд меситонанд.
Аз ҷумла Дониста, сокини бинои 9 ошёна дар кӯчаи Испечак-2 мегӯяд, масъули ҷамъоварии пули партовҳо дар бинояшон пулро на аз рӯи теъдоди сокинон балки теъдоди ҳуҷраҳои истиқоматӣ ҷамъоварӣ мекунад. Ба гуфтаи ин сокини Душанбе масъули партовҳо, ки Неъматулло ном доштааст, аз хонаҳои якҳуҷрагӣ 10 ва бисёрҳуҷрагиҳо 15 сомонӣ меситонад: “Вақте гуфтам, ки пули партов бояд аз рӯи теъдоди сокинон ҷамъоварӣ карда шавад, ҷавоб дод, ки “ҳозир ягон кас нархҳои муайянкардаи давлатро нигоҳ намекунад. Ман план дорам ва онро аз рӯи шумораи хонаҳо месупорам.”
Аммо тибқи нархҳои муайянкардаи давлат, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ҳаққи партов аз ҳар сокини биноҳои бисёрошёна, ки партовгоҳҳои дохилӣ доранд, 2 сомонию 20 дирам муайян шудааст. Ин нишондод барои биноҳое, ки партовгоҳи дохилӣ надоранд 1 сомонию 80 дирам ва ҳавлиҳо 2 сомонию 60 дирам сари ҳар сокинро ташкил медиҳад.
Бармеояд тибқи қонун, Дониста, ки мегӯяд дар хонаи якҳуҷрагияшон ду нафар зиндагӣ мекунанд бояд моҳе барои партов 4 сомонию 40 дирам супорад на 10 сомонӣ.
Чунин ҳолат дар бахши хизматрасониҳои дигари коммуналӣ низ ҷой дорад. Ба гуфтаи Дониста бошандагони бино ҳар моҳ барои рубучӯни гирду атрофи бино 2,5 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунанд ва ҳар моҳ худашон 10 сомонӣ ҳаққи лифт ҷамъоварӣ карда, онро нигоҳубин мекунанд. Чароғи даромадгоҳи хонаро, ки сӯхт ҳамсояҳо бо навбат иваз мекунанд: “Аммо болои ин боз кормандони коммуналӣ омада, ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро талаб мекунанд, барои кадом корҳо номаълум, зеро лифту тозагии атрофу равшании даромадгоҳҳоро мо худамон таъмин мекунем.”
Ин дар ҳолест, ки тибқи нархномаи тасдиқкардаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ дар биноҳое, ки бо низоми партовгоҳ таъминанд 0,14 дирам сари ҳар метри мураббаъ ва барои биноҳое, ки партовгоҳ ва лифт надоранд, 11,3 дирам сари ҳар метри мураббаъ муайян шудааст.