Дидори Аслов бо Молтерер дар Люксембург
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Люксембург қарор дорад, бо Вилҳелм Молтерер, ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо вохурдааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, дидори Аслов бо Молтерер рӯзи 20 октябр баргузор шуда, дар он дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо баррасӣ шудааст.
Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот “ба мувофиқа расидаанд, то ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақсади коркард ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳое, ки барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ба роҳ монанд.”
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо аз соли 2009 ба ин сӯ, дақиқтараш баъд аз имзои Созишномаи ҳамкорӣ идома дорад.