Барканории 10 афсари тоҷик барои бемасъулиятӣ дар тиҷорати одамон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мубориза бо тиҷорати одамонро пурзӯр карда, тариқи дастгир намудани даллаҳо интиқоли одамон, аз ҷумла духтарони тоҷикро ба хориҷи кишвар коҳиш додааст.
Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, аз аввали сол дар кишвар 22 ҳолати харидуфурӯши одамон ба қайд гирифта шуд, ки аз он 18 тояш ошкор гардидаанд. Манбаъ мегӯяд, ба ин дастовардҳо баъди он ноил шуданд, ки зимни як санҷиш ҳудуди 10 афсари масъули мубориза бо харидуфурӯши одамон барои бефаъолиятӣ аз вазифа барканор шуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки феълан шуъбаи махсуси мубориза бо харидуфурӯши одамон ҳам дар раёсати кофтукоби ҷиноӣ ва ҳам дар раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил фаъолият дорад.