ВИДЕО: Рашк-васвасаи шайтонӣ ё эҳсоси муҳаббат? Шумо рашк доред?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ахиран аз ду ҳолати куштор дар ҳолати рашк хабар дод. Дар ҳолати аввал Сироҷиддин Баҳромов, як сокини 27-солаи шаҳраки Ғафурови вилояти Суғд ҳамсари 23-солааш - Холида Остоноваро аввал лату кӯб ва баъдан 4 маротиба ба баданаш корд задааст. Дар ҳолати дуюм Ашӯр Баротов, сокини 28-солаи Хуросон завҷааш Шарифа Бобоеваи 26-соларо ба воситаи табар ба қатл расондааст. Дар гузашта ҳам хабарҳои дар замина рашк ба ҳалокат расондан ё шадидан латту кӯб кардани одамон расонаӣ шуда буд.
Ин навбат суоли назарпурсии “Озодагон” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт ин буд, ки “Рашк доред?” Ҷавобҳоро дар ин видео бубинед ва навиштани посухи худро ҳам фаромӯш накунед.