АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?
Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе санаи эълони ҳукми ду масъули ширкати басташудаи "Ҳафт бурҷ"-ро соати 10:00-и 15-уми октябр таъин кард.
Додситонӣ имрӯз барои Олим Маъруфов ва Ориф Расулов, масъулини ширкати “Ҳафт бурҷ” 11 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ ин ду масъули “Ҳафт бурҷ” -ро дар нақзи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бо роҳи тақаллуб аз худ кардани амволи ғайр муттаҳам кард.
Парванда алайҳи масъулини “Ҳафт бурҷ” бо аризаи даъвогии 156 муштарии ҷабрдидаи ин ширкат боз шудааст, ки мехоҳанд 618 ҳазор долларашонро бозпас бигиранд.
Бисёре аз муштариён ба Сулаймон Қосимов, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии “Ҳафт бурҷ”, ки зимни мурофиаи рӯзи 14-уми октябр назарашонро пурсид, ҷавоб доданд, аз ҳабси масъулин фоидае нест ва мехоҳанд маблағашонро бозпас гиранд. Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз ҷабрдидаҳо муҷозоти Сайҳомид Маҳмудовро талаб доштанд, ки ба гуфтаи онҳо “раиси калон”-и ширкати “Ҳафт бурҷ” мебошад.
Сайҳомид Маҳмудов, роҳбарии ширкати дигари баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет) дар Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад ва тавре худаш зимни як ҳамоиш тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.
Ин дар ҳолест, ки дар мурфиаҳои қаблӣ Маҳмудов бозпурсӣ шудааст, аммо ҳар гуна масъулияташ дар “Ҳафт бурҷ”-ро рад карда баён дошта, санадеро имзо накардааст.
Дар ҳамин ҳол 618 ҳазор доллар танҳо зарари 156 муштарӣ аст, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд. Қаблан масъулини “Ҳафт бурҷ” теъдоди мизоҷонашонро наздики 5 ҳазор нафар арзёбӣ карда буданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)