Дарёфти ҷасади ҷавони 21-сола аз дарёи Сир
Кумитати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 12-уми октябр аз дарёи Сир ҷасади як сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд дарёфт гардидааст.
Ба иттилои манбаъ муайян карда шудааст, ки дарёфтшуда Азамат Ҳабибови 21-сола аст, ки баъди зуҳри 11-уми октябр ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.
Кумита мегӯяд, ҷасади ҷавон барои маълум кардани ҷузъиёти бештари қазия ба мақомоти пулиси Хуҷанд супорида шуд.