“Идгардак”- ҷӯгишавии кӯдакони тоҷик ё роҳи муттаҳидсозӣ?
Пешниҳоди профессори тоҷик - Раҷаббек Қосимов барои аз миён бурдани “идгардак”-и кӯдакон дар рӯзҳои Иди Фитр ва Қурбон дубора баҳси ҷонибдорон ва мухолифини ин анъанаро зинда кард.
Оқои Қосимов дар як суҳбати сарироҳӣ ба “Озодагон” гуфт, хона ба хона гаштани кӯдакон дар рӯзи идҳои мусалмонӣ зарурат надорад. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ин анъана аз деҳот ба шаҳрҳо, махсусан пойтахт кӯчида ва хотири одамонро парешон мекунад. Ин андешаи профессори тоҷик ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Бархе аз шарҳнависони “Озодагон” аз пешниҳоди Раҷаббек Қосимов интиқод намуда, онро оини мусулмонон хондаанд, аммо қисме гуфтаанд, “идгардак” одати ҷӯгиҳо аст ва ба он бояд хотима бахшид.
“Мусулмон”, яке аз шарҳнависон пешниҳоди Қосимовро саривақтӣ дониста, “таъриф”-и идгардакро аз нигоҳи худ шарҳ додааст: “Идгардак - яъне ҷӯгишавии кӯдакони тоҷик. Рӯзи ҷӯгишавӣ”. Анушервон, шарҳнависи дигар низ дар тақивияти суханҳои “Мусулмон” навишта, “идгардак” як анъанае аст, ки аз деҳот ба шаҳр кӯч бастааст: “Халтача дар даст мисли ҷӯгиҳо барои як дона жвачкаи чинӣ дар ба дар гаштан чӣ одат бошад?! Дар фарҳанги шаҳрнишинӣ ин анъана набуд ва ин аз деҳа ба шаҳр омадааст”.
Далер, шарҳнависи дигар гуфтаҳои болоро рад карда, навиштааст, “идгардак” як анъанае аст, ки барои муттаҳидии сокинон кумак мекунаду онро бояд нигоҳ дошт. “Бо профессор розӣ нестам. Барои он ки ин як анъанаи мо ҳаст. Мардум хоҳад идгардак мекунад, нахоҳад не. Дар ин даврае, ки хеш ба хешу, ҳамсоя ба ҳамсоя бегона шуда истодааст, ин анъана метавонад ҳадди ақал дар як сол як бор халқро муттаҳид созад”,- менависад Далер.
Асад “идгардак”-ро анъанаи мусалмонон дониста, аз байн бурдани онро латма ба дину оини пайравони Ислом хондааст. Ӯ мегӯяд, “дар як сол мусалмонон ду рӯз ид доранд, инро ҳам бо баҳонаи кӯдакон аз байн мебаред? Як шиша арақ 25 сомонӣ ва як пачка жвачка 8 сомонӣ зуратон нарасад, ҳар баҳонаро пеш наоред, дар дину оини мусалмонон латма назанед. Ҷаноби олӣ таъкид мекунад, ки сари ятимонро сила кардаву хурсанд кунед, пас инро чӣ хел фаҳмем ҷаноби профессор?”
Аммо “Sato”, яке аз шарнависон мегӯяд, “идгардак” ба дини мубини Ислом ҳеч иртибот надорад ва дар кишварҳои исломӣ низ дида намешавад: “Дар мамлакатҳои исломӣ агар як мурдаи нав дар хонадон бошад, мардум ба он хона барои дуо хондан мераванд, на ин ки барои талбандагӣ”. “Дарвеш” низ аз ҳарфҳои “Sato” ҷонибдорӣ карда, гуфтааст, ин анъана ҳеч рабте ба дини Ислом надораду хурсандии кӯдакони тоҷик дар рӯзҳои идро метавон бо роҳҳои дигар таъмин кард ё дар ин рӯзҳо барои кӯдакон ба ҷои жвачкаи “заҳролуд” китобу қалам ё лавозимоти хониш тақдим кард.
“66” низ ба ин баҳс ворид шуда, хостори аз байн бурдани идгардаки кӯдакон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин анъана таъсири манфиеро дар тарбияи насли наврас мегузорад: “Дуруст мулоҳиза кунед, ин шахс рост мегӯяд, ҳанӯз соат 6 ё 7 нашуда кӯдакони хоболуд дар пушти дар ҳастанд, албатта сухан сари як ё ду жвачка намеравад, гап сари он аст, ки кӯдакон чӣ гуна тарбия меёбанд. Яъне, дар афкорашон ҷой медиҳанд, ки бе пул ҳам чиз медодаанд”.
баҳсҳои дигари корбаронро инҷо бубинед
Пешниҳоди профессор ва баҳси ҷонибдорону мухолифини он дар ҳолест, ки қаблан низ чунин баҳс дар бораи “идгардак”-и кӯдакон дар интернет, бахусус миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омада буд. Аксари корбарон додани дафтару қалам ва китоб ба ҷои “жвачка”-ву пуфакро пешниҳод карда буданд. Дар пайи ин даъват Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон низ ба ин масъала дахл карда, аз сокинон хост, ин пешниҳоди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазиранд. Раиси ҲНИТ гуфт, ҳарчанд ҷонибдори дар ба дар гаштани кӯдакону наврасони тоҷик дар рӯзҳои ид нест, чун ба гуфтаи ӯ, хӯи гадоиро метавонад дар онҳо ба вуҷуд орад, вале даъват кард, ҳадди ақал бояд ба онҳо китобу қалам дода шавад, то василае барои роҳнамоии онҳо ба донишу илмомӯзӣ гардад: “Шояд алакай дар қишре ин одатро ба вуҷуд овардааст. Албатта, ин баҳси дигар аст, вале модоме ки ҳоло ин падидаро дар ҳаёти як қисме аз миллатамон дорем, пас коре кунем, ҳадди ақал фарзандонамон китобу илму донишро гадоӣ кунанд, на жевачкаву шириниро. Бале, китоб аз жевачка гаронтар аст ва шарт нест, ҳама китоб диҳанд. Бигузор тифли тоҷик ҳам инро дошта бошаду ҳам онро, ҳам комаш ширин бошаду ҳам ақлаш равшан”.
НАЗАРИ ПРОФЕССОРИ ТОҶИК ДАР БОРАИ "ИДГАРДАК" Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)