ВИДЕОИ талабандагии модари тоҷик дар Маскав: Кӣ гунаҳкор?
Навори талабандагии як зани тоҷик дар назди масҷиди Новокузнетски Маскав, ки аз ҷониби Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷики Русия дар интернет нашр шудааст, бори дигар суоли “кӣ гунаҳкор?”-ро ба миён гузоштааст.
Ин зани солхӯрда, ки худро дар навор зодаи ноҳияи Ваҳдат муаррифӣ мекунад, изҳор медорад, ки ночорӣ ӯро водор ба гадоӣ дар мулки бегона кардааст. Ин модари тоҷик мегӯяд, ду фарзандаш яке 33 ва дигаре 25-сола дар Маскав ҳалок шудаанд ва аз ҳар ду 6 ятим боқӣ мондаанд. Ӯ афзуд, ки барои таъминоти ин 6 кӯдак ва модари 95-солааш рӯй ба гадоӣ овардааст: “Нафақаю кӯмакҳое, ки дар Тоҷикистон мегирифтем, барои ҳеч чӣ намерасид. Орд мехаридем, ки равған мемонд.”
Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик, дар шарҳи ин навор аз мардиву ҳиммати тоҷикӣ ёд кардааст ва ҷомеаро дар гадо шудани ин зан гунаҳкор донистааст: “Ҳамаро сари ҳукумат партоему мардию ғурурро фаромуш кунем, хуб нест. Мард ҳаст дар маҳаллаи ин кампир?”.
Аммо Меҳмоншоҳ Шарифов, унвонҷӯи донишгоҳи Берген, навиштааст, ки ба ин ҳол гирифтор шудани шаҳрвандони тоҷик ҳукумат гунаҳкор аст, чун ба гуфтаи ӯ ҳукумат натавонист ваъдаҳои худро иҷро кунад ва донишу таҷриба барои ташкили зиндагии сазовори мардумро надорад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)