Боздошти ду ноболиғ барои “кордзанӣ”-и хонандаи синфи 10
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду ҷавони ноболиғро барои муноқиша ва кордзании як хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Душанбе боздошт намудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 11 октябр дар назди мактаби таҳсилоти умумӣ, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони пойтахт ноболиғони 16-сола М.Қ. истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ва И.Ш. сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, Ф.Т, хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаро бо корд захмӣ мекунанд. Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи ин кордзанӣ Ф.Т бо захми халандаву бурандаи аз қисмати рости қафаси сина гирифтааш, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ин ду ноболиғ дар пай муроҷиати Талбӣ Одинев, падари ҷабрдида сурат гирифта, нисбат ба дастгиршудаҳо бо гумони содир кардани ҷинояти авбошӣ тафтишот идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки дар Душанбе аз ҷониби хонандаҳои макотиби миёна муноқишаву кордзанӣ сурат мегирад. 30 майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи 91 дар пайи муноқиша миёни хонандаҳои мактабҳои №66 ва №54- Бурҳонидин Зарипов аз зарби корд маҷруҳ шуда, ба ҳалокат расид. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Бобоҷон Ҳамидовро, ки гунаҳгори асосии марги Бурҳонидин Зарипов, хонандаи синфи 11 дониста мешуд, ба 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда, 11 тани дигарро, ки ҳамчунин дар курсии айбдорӣ менишастанд, ҷарима баст ва бархеяшро ба анҷоми корҳои ҳатмӣ муваззаф намуд.