Боздошти як имом-хатиб бо иттиҳоми қочоқи маводи нашъадор
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як имом-хатиб дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, кормандони раёсати агентӣ дар доираи амалиёти “Кукнор-2014” дар ноҳияи Вахш имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеи ба номи “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппаро дастгир кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, ҳангоми кофтуков аз ин имом-хатиб 4 қуттии вазелин ва бастаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг дарёфт гардидааст: “Тавре экспертизаи судӣ муайян намуд, маводи боздоштшуда афюн буда, вазни умумии он 53 граммро ташкил менамояд.”
Дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар навиштааст, имом-хатиби масҷиди “Абубакри Сиддиқ” ба иловаи истеъмол кардани афюн ба фурӯхтани он низ машғул буда, “ду сокинони вилоят низ дастгир гардиданд, ки ба имом-хатиб афюн мефурӯхтаанд”.
Манбаъ илова кардааст, ҳоло алайҳи имоми масҷид бар асоси моддаи 200 қ.2 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)