Боздиди Раҳмон аз Гвардияи миллӣ ва таъкиди доштани тамоми намуди техникаи вазнину сабуки ҷангӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳри Тоҷикистон имрӯз, 13 октябр зимни боздид аз қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон, бо шароити хизматию таълимӣ, будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, тамрини ҳайати шахсии ин ниҳод шинос шуда, ба масъулини он барои боз ҳам беҳтар гардидани шароит супоришҳои мушаххас додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Гвардияи миллиро ба муностибати 19-умин солгарди воҳиди махсуси низомӣ табрик намуда, изҳори боварӣ кардааст, афсарону сарбозони ин ниҳод минбаъд ҳам дар пурзӯр намудани ҳифзи давлат ва таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши бориз хоҳад дошт.
Бино ба иттилои манбаъ, “роҳбарият ва ҳайати фармондеҳию шахсии Гвардияи миллӣ дар назди раиси ҷумҳур бо расми гузашти низомӣ, ки дар он беш аз 4 ҳазор афсару сарбоз иштирок доштанд, бори дигар омодагии қавии ҳарбӣ ва обутоби баланди ҷисмонию руҳии хешро собит намуданд”.
Эмомалӣ Раҳмон аз шароити осорхонаи Гвардияи миллӣ, синфхонаҳо, аслиҳаю лавозимоти гуногуни ҳарбӣ низ дидан кардааст. Манбаъ мегӯяд, зимни ин сафар маълум гардид, ки дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон тамоми намуди техникаи вазнину сабуки ҷангӣ, аз ҷумла танку дигар анвои зиреҳпӯшҳо, яроқу аслиҳаи навтарин ва муҳимтар аз ҳама афсарону сарбозони шуҷоъу диловар, аз ҷиҳати касбӣ таълимдида ва дар набардҳои гуногун обутобёфта мавҷуд аст.