“Дарди сар”-и Қосими Раҳбар
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”
Дар Тоҷикистон ду анъана аст, ки барои танзими онҳо на дастурҳои президент, на зӯри Маҳмадсаид Убайдуллоев ва на ҳушдори муфтӣ аз азоби сахт дар рӯзи қиёмат натиҷае надоданд. Ин ду анъанаи танзимнашаванда болоравии нарх дар арафаи ид ва поён нафуромадани онҳо ҳатто баъд аз ид мебошад.
Картошка, ки чанд ҳафта қабл як килои он ба ивази аз 2 то 2,3 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳозир дар аксари дӯконҳои Душанбе ҳудуди 2,8 сомонӣ нарх дорад. Ҳатто дар бозори “Шоҳмансур”, ки ҳамагӣ чандсад метр аз дафтари шаҳрдорӣ қарор дораду гароншавии нархҳо "сари чандин раиси ин бозорро хӯрдааст", картошкаи Мастчоҳ бегоҳи 12-уми октябр бо нархи 2,8 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Нархи “нони дуюм”-и мардуми Тоҷикистон боло рафт, гарчанде Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирони кишвар хоста буд, аз идҳо сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд. Муфтӣ болобарии нархҳоро дар арафаи ид, ки ба ҳукми анъана даромадааст, як гуноҳи азим хонд: “Тоҷирон аз ҷашнҳо сӯиистифода мекунанд ва нархҳоро боло мебаранд, ки гуноҳи азим асту азоби дарднок дорад.”
Аммо тоҷиронро не азоби он дунё ва на дастуроти мақомот дар ин дунё аз боло бурдани нархҳояшон нигоҳ надошт.
Болоравии нархи картошка имсол барои Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон ба истиллоҳ “дарди сар” шуда буд, ки дар ҷаласаи ҳукумат ба президент аз истеҳсоли 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошка ҳисобот доду аммо дар бозор таъсираш ба назар нарасид. Шояд ин афзоиш танҳо дар қоғаз буд, ки нархи як кило картошка баҳори соли равон то 5 сомонӣ расид. Дар шарҳи ин болоравии нархи картошка масъулини Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, Қосими Раҳбар дурӯғ гузориш надодааст ва воқеан ҳам дар Тоҷикистон беш аз як миллион тонна картошка истеҳсол шуд, вале то фарорасии баҳор он пӯсид.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи то 5 сомонӣ расидани нархи як кило картошка соли равон ба масъулини кишоварзӣ дастур дода буд, ки истеҳсолоташро зиёд кунанд. Зиёд на танҳо дар қоғаз ва ҳисобот, балки зиёди воқеӣ, ки ба нархҳои бозор низ таъсир расонад.
Аммо имсол ҳанӯз тирамоҳ асту ҳосилғундорӣ дар бархе аз навоҳии картошкапарвар ҳатто пурра ба охир нарасидааст, вале картошка майли гаронӣ дорад. Бармеояд, ки истеҳсолот боз на дар он дараҷаест, ки тавонад фаровонию арзониро дар бозори кишвар таъмин созад? Дар ҳоле, ки раисиҷумҳур пеши Вазорати кишоварзӣ ва Қосими Раҳбар вазифа гузоштааст, амнияти озуқавориро дар кишвар таъмин кунанд.
Дониста, фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар як дӯкони маҳаллаи “Испечак” мегӯяд, болоравии феълии нархи картошка ниҳоӣ набуда, аз қавли фурӯшандагони яклухти ин маҳсулоти кишоварзӣ афзуд, он дар ояндаи наздик боз қиматттар мешавад.