Раҳоии ҳамлагар ба Баҳриддин Шаропов дар Маскав
Мақомоти пулиси шаҳри Маскав миллатгарои русро, ки ба иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Баҳриддин Шаропов, муҳоҷири тоҷик боздошт шуд, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардаанд.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки ин қазияро пайгирӣ дорад, 13 октябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, нафари ҳамлагар ба муҳоҷири тоҷик ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, алайҳи ин шаҳрванди Русия парванда ба иттиҳоми авбошӣ боз шудааст: “Пулиси Маскав барои таҳқиқи мушикофонаи ин қазия чандон майл надорад ва ҳатто нафари боздоштшударо ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, раҳо кардааст”.
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия гуфт, ҳоло Баҳриддин Шароповро аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба умумӣ интиқол додаанд ва табибон вазъашро на он қадар хуб арзёбӣ мекунанд.
Иззат Амон аз фаъолияти сафорат ва консулгарии кишвар дар Маскав шадидан интиқод карда гуфт, ба сарнавишти шаҳрвандони кишвари худ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд: “То дишаб касе аз сафорат барои аёдати Баҳриддин наомада буд, ман намедонам, чаро барои онҳо тақдири ҳамватани худ аҳамият надорад. Агар як шаҳрванди Қирғизистон ё Арманистонро касе латту кӯб кунад, тамоми масъулини онҳо аз сафорат то ҷамъияту дигар созмонҳои ғайридавлатияшон гирди ҳам меоянд, аммо мутаассифона дар мо касеро пайдо намекунӣ”.
Баҳриддин Шарипов, сокини 26-солаи ноҳияи Рудакӣ шаби 11 ба 12 октябри соли ҷорӣ дар назди истгоҳи "Коломенское"-и шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Ба гуфтаи худи Шарипов, ки ҳоло дар беморхонаи Коломенское бо захми се корд бистарӣ аст, ҳамлагарон се рустабор буда, бо нидои "Чурки, вон из России!" ба ӯ ҳамла кардаанд.
Ин муҳоҷири тоҷик чанд лаҳза баъд аз ҷарроҳии худ дар як навори видеоӣ, ки тавассути намояндагони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ба интернет роҳ ёфтааст, мегӯяд, дар яке аз дуконҳои шаурмафурӯшӣ, воқеъ дар назди истгоҳи "Коломенское" дар басти шабона кор мекард ва он шаб дар маҳалли кор танҳо буд. Ӯ бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш аз афроди дар атрофаш буда хоҳиш дорад, ин хабарро ба пайвандони ӯ дар Ватан нарасонанд: “Хоҳиши ман ин аст, ки хонагиҳо нафаҳманд”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)