Гуфта мешавад, Бобоев рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 01.30 нисфишабӣ дар наздикии заминҳои ҳоҷагии деҳқонии «Истофараҳ», ноболиғ Дониёр Ҷӯраев, хонандаи синфи 8-умро бо каланди дар дасташ буда, ба сараш задааст. Дар натиҷа писарбача аз ҷароҳати ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.
Ёдрас менамоем, рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар канори роҳи мошингарди ҷамоати «Шаҳрак»-и ноҳияи Исфара ҷасади ноболиғ дарёфт шуда, сабаби марги ӯро ташхискунандагон дар ҷароҳати қисми сар муайян карда буданд.Сараввал оиди ин ҳодиса бо моддаи 110 қисми 3 ( қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида гардида бошад)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буданд.Прокуратура ин моддаро бекор карда, бо моддаи 104 қисми 1 (куштор)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}