Як клипи тозаи Мансур Ҷаъфарӣ, сарояндаи маъруфи эронитабор, ки бо иштироки як бонуи ҳиҷобпӯш таҳия шудааст, дар як муддати кутоҳ дар интернет тамошобини зиёде пайдо намудааст.
Клип бар матни таронаи “Шаби иғтишош” ё шаби парешонӣ наворбардорӣ шуда, Мансур онро 9 октябр дар саҳифаи Фейсбукаш гузоштааст ва ҳамон рӯз дар саҳифаи ӯ дар шабакаи Ютуб низ нашр гардидааст. То замони навишта шудани ин хабар теъдоди бинандаҳои он дар Ютуб ба 4294 мерасид.
Бештари клипҳои Мансур бо иштироки хонумҳое дар либоси аврупоӣ таҳия шудааст ва аммо дар нақшии аслии клипи “Шаби парешонӣ” як бонуи ҳиҷобпӯш қарор дорад.