Таҷлили Иди Ғадири Хум аз ҷониби исмоилиён дар Душанбе
Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”
Пайравони равияи исмоилия рӯзи якшанбеи 12-уми октябр бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар маркази Исмоилияи Душанбе Иди Ғадири Хумро таҷлил намуданд.
Исмоилиёни Тоҷикистон мегӯянд, ин рӯзро ба хотири гиромидошти таъини Ҳазрати Алӣ ҳамчун валиаҳди Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷашн мегиранд. Ба бовари пайравони ин равия Ҳазрати Муҳаммад (с) соли 632-и мелодӣ дар Ғадири Хум Ҳазрати Алӣ, домод ва амакбачаи хешро ҷонишини худ эълон кардаст. Исмоилиён бовар доранд, ки танҳо имомон аз аҳли байти пайғамбар метавонанд моҳияти охирин паёми Худо-Қуръонро, ки ба охирин пайғомбар Ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст, таҳвилу таълим диҳанд.
Исмоилия ягона равия дар мазҳаби шиа арзёбӣ мешавад, ки имомати меросиро аз замони Ҳазрати Алӣ то ҳозир нигоҳ дошта, феълан роҳбарии руҳонии ин равияро имоми 49-уминашон, Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ, Оқохони 4 ба уҳда дорад. Теъдоди пайравони исмоилия дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки бештарашон дар вилояти Бадахшон иқомат доранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)