Сармураббии “Шалке-04”: “Истиқлол”-ро тими ҷиддӣ мепиндорем
Юрген Лугингер, сармураббии тими “Шалке-04”-и Олмон мегӯяд, дастаи “Истиқлол”-ро як тими ҷиддӣ медонанд. Ӯ ин нуктаро дар нишасти хабарие дар Душанбе иброз дошт.
Ба қавли номбурда, тимаш то имрӯз дар бораи дастаи “Истиқлол” маълумоте надошт ва дидори дӯстонае ки анҷом мешавад, танҳо барои шиносоӣ ва омӯзиши ҳамдигар аст. “Мо “Истиқлол”-ро тими ҷиддӣ мепиндорем ва аз ин рӯ ҳадафи асосии мо ба роҳ мондани як бозии хуб аст, натиҷаҳо бошанд худ муайян мешаванд”,- афзуд сармураббии “Шалке-04”.
Ба гуфтаи Юрген Лугингер ҳайати дастааш танҳо аз бозингарони то синни 22 иборат мебошад. Ҳайати “Шалке-04” субҳт 12 октябр вориди Душанбе шуда, баъд аз нисфирӯз дар варзишгоҳи марказӣ тамрини пеш аз бозии хешро анҷом дод.
Мубин Эргашев, сарумураббии тими “Истиқлол” дар нишасти хабарӣ гуфт, аз тавони ҳарифи худ комилан огаҳ нестанд, “аммо медонем, ки футболи Олмон дар кадом сатҳ қарор дорад”.
Дидори дӯстонаи “Истиқлол” ва “Шалке-04” соати 18:00-и имрӯз, 13 октябр дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
Ин дувумин дидори “Истиқлол” бо тимҳои Олмон аст. 3 июли соли 2010 дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ клуби Душанбе бо “Хессен-Кассел” қувва озмуда, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.