Боздошти котиби Суди Олии иқтисодӣ бо 52 ҳазор $ пора
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Асроров Азимҷон, котиби Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон хабар дод, ки дар гирифтани 52 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод Асроров барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон- Ҳоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова тобистони соли равон дар се ҳолат дар маҷмуъ 52 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ баҳси судӣ миёни “Гаҳвора” ва Додситонии генералии Тоҷикистон будааст, ки бо қарори Суди иқтисодии Душанбе ба манфиати давлат ҳал шуда буд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, гарчанде тағйири ин қарор ба салоҳияти Асроров дохил намешавад, ӯ тариқи қаллобӣ 52 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта аз худ кардааст. Оҷонсӣ мегӯяд, Суди Олии иқтисодӣ низ баҳсро ба манфиати театри “Гаҳвора” ҳал накард.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан Асроров боздошт шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ ва аз худ кардани амволи ғайр парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ба иттиҳоми порагирӣ судяи Суди Олӣ дастгир шуда буд, ки бо пешниҳоди президент ва тасдиқи парлумон таъин мегардад.