СESI: Митинги Қувватов ҳушдори Русия ба Раҳмон аст
СESI, Маркази мутолеоти стратегии Авруосиё, мақараш дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир бо нашри гузорише ташаббуси Умаралӣ Қувватовро барои гирдиҳамоии 10-уми октябр ҳушдори Русия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хондааст, ки вақтҳои охир майли бештаре ба Пекин дорад.
СESI, як созмони мустақили Бритониё, ки ба таҳқиқи экспансияи Русия дар Осиё ва Аврупои шарқӣ машғул аст, изҳор медорад, ки пушти овозаҳо дар бораи митинги 10-уми октябр мақомоти рус меистанд, ки аз наздикшавии Душанбе бо Пекин дар ташвишанд: “Русия бо ин сарусадо дар бораи митинг ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристод, ки дар сурати сарфи назар кардани манофеи Русия ва додани авлавият ба Чин метавонад, дар Тоҷикистон “инқилоби ранга” ташкил кунад.”
Гузоришгарони ин созмон мегӯянд, сафари ахири Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин ба Тоҷикистон, ки бо тавофуқот оиди сармоягузории 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон анҷомид, дар Русия бо нигаронӣ қабул гардид. Ба гуфтаи онҳо нигаронии мақомоти тоҷик ҳам аз Умаралӣ Қувватов нест, ки дар арсаи сиёсат навқадам аст, балки мақомоти тоҷик аз пуштибонҳояш дар Русия хавотиранд.
Ин дар ҳолест, ки Умаралӣ Қувватов дар суҳбати охираш бо “Русская планета”, аз наздикшавии Душанбе бо Пекин интиқод намуда, таъкид дошт, ки мухолифи ин раванд аст.