Путин аз ҳамтоҳояш даъват кард иди Ғалабаро дар Маскав ҷашн бигиранд
Владимир Путин, райиси ҷумҳури Русия аз сарони кишварҳои узви ИДМ даъват кардааст, дар ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар Маскав иштирок намоянд. Ин нуктаро Путин зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони ИДМ дар Минск иброз доштааст.
“Якҷоя ҷашн гирифтани ин санаи муҳим қарзи ҳар яки мост. Бинобар ин ҳамаи шуморо барои иштирок дар ин маросим моҳи майи соли 2015 ба Маскав даъват менамоям”,- афзудааст Владимир Путин. Ба иттилои расонаҳои хабарии Белорусия, Алмосбек Отамбоев, райиси ҷумҳури Қирғизистон низ ба таҷлили бошукӯҳ ва дастаҷамъонаи солгарди Ғалаба дар ҶБВ ишора карда гуфтааст, “ин ғалабаи бузурги мо буд, аз ин рӯ месазад онро сазовор ҷашн бигирем”. Отамбоев инчунин пешниҳод кардааст, соли 2015, соли “Собиқадорони ҷанг” эълон шавад.