Баҳси Иззат Амон ва Умаралӣ Қувватов барои “Ниссан Тиана”
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ва Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”, ки худро аз мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, барои як мошини "Ниссан тиана" баҳс доранд.
Иззат Амон бо нашри як баёния дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иддао дорад, ки Қувватов овозаҳо паҳн кардааст, ки “гӯиё барои ман ба ивази 1,5 миллион рубл мошини “Ниссан тиана” харидаасту 70 ҳазор доллар пули нақд додааст. Аммо Худо шоҳид, ки байни ману Умаралӣ ҳарфе аз пулу мол набуд. Ҳар хизмате, ки барои Умаралӣ кардам, аз барои миллат кардаам.”
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия шарҳ додааст, ки ду сол пеш барои кӯмак мошини Қувватовро ба номи худ сабт кардааст, чун қайди Маскавро доштааст. Ӯ дар хитоб ба Қувватов менависад, “мошинеро, ки ба қавли худатон харида, ба ман туҳфа кардед, аз номи ман бароред. Ду сол боз андоз месупорам. Огоҳии охирин. Агар ин дафъа ҳам коре нашуд мошинро ба утилизатсия медиҳам. Ин бор ҷиддӣ мегӯям.”
Иззат Амон гуфтааст, мустақиман наметавонад ин ҳарфҳоро ба Умаралӣ Қувватов расонад, чун Қувватов ӯро аз рӯйхати дӯстонаш дар фейсбук ҳазф кардааст.
Ин таниши ду мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ду соли пеш баъди фирори Қувватов аз Душанбе ба Маскав онҳо якҷо буданд ва дар ҳамоишҳо аз барномаю иқдоми ҳамдигар тавсиф мекарданд.