Рашк: Куштори духтари 23-сола дар бозори “Фаровон”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 9-уми октябр як сокини 27-солаи шаҳраки Ғафурови вилояти Суғд дар заминаи рашк ҳамсари 23-солаашро ба қатл расондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод дастгиршуда Баҳромов Сироҷиддин, ки дар гузашта низ барои дуздӣ маҳкум шудааст, дар назди бозори «Фаровон»-и ноҳияи Ғафуров ҳамсараш Остонова Холидаро баъди лату кӯб, 4 бор корд задааст: “Дар натиҷа ин зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.